Трансферҳо

Кроос тасдиқ кард, ки “Реал” бо Алаба гуфтушунид гузаронида истодааст

Тони Кроос оиди овозаҳо дар бораи гузариши ҳимоятгари “Бавария” Давид Алаба ба “Реал” фикру андешаи худро баён кард.

“Барои он, ки ту даъвати “Реал”-ро сазовор бошӣ, бояд дар ҳақиқат хуб ҳунарнамоӣ кунӣ ва ба як қатор талаботҳо ҷавобгӯ бошӣ. Бояд ҳатто дар ҳолатҳои мушкил, вақте корат барор намегирад, барои рақобат кардан омода бошӣ. Барои бозӣ кардан дар “дастаи шоҳона” танҳо футболбози хуб будан кам аст.

Мушкилии асосӣ дар он аст, ки ман бо Алаба 7 сол мешавад, ки бозӣ накардаам. Бинобар ин оиди фикру ақидааш хабари кофӣ надорам. Шунидам, ки дастаи мо бо ӯ гуфтушунид гузаронида истодааст. Аммо дар ин бора маълумоти пурра надорам.

Фикр мекунам, ки футболбози дараҷаи “Бавария” бешубҳа сазовори бозӣ кардан дар “Реал” аст. Мебинам, канӣ чӣ рух медиҳад”, – гуфт Тони Кроос.

“Барса”, “Реал”, “Интер” ва “Ювентус” ба Агуэро ҳавасмандӣ доранд

Ҳамлагари “Манчестер Сити” Серхио Агуэро метавонад дар анҷоми мавсим дастаро тарк кунад. Дар ин бора El Chiringuito хабар медиҳад.

Намояндаҳои як қатор топ-дастаҳои аврупоӣ алакай бо агенти футболбоз во хӯрдаанд. Ин дастаҳо “Барселона”, “Реал”, “Интер” ва “Ювентус” мебошанд.

Мӯҳлати шартномаи ҷории футболбоз бо “Манчестер Сити” моҳи июни ҳамин сол ба анҷом мерасад.

“ПСЖ” аз Англия ивазкунандаи Мбапперо пайдо кард

Дар ҳоли аз “ПСЖ” рафтани ҳамлагар Килиан Мбаппе, дастаи парижӣ кӯшиш мекунад, ки ҳамлагари “Тоттенхэм” Ҳарри Кейнро харидорӣ кунад. Дар ин бора нашрияи Daily Mirror иттилоъ медиҳад.

Овозаҳои ба “Реал Мадрид” гузариш кардани Мбаппе хело бисёранд. Сармураббии парижиҳо Маурисио Почеттино шахсан аз роҳбарият талаб кардааст, ки Кейнро харидорӣ кунанд. Хотиррасон мекунем, ки мутахассиси аргентинӣ дар “Тоттенхэм” бо Кейн якҷоя кор кардааст

Нуриддин Давронов ба “Истиқлол баргашт”

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”, ки ин мавсим дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бозӣ мекунад, бо Нуриддин Давронов шартнома баст, хабар медиҳад саҳифаи расмии даста дар “Инстаграм”.

“Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи “Борнео”-и Индонезия оиди гузариши футболбоз ба дастаи пойтахт ба розигӣ расиданд. Собиқ капитани “Истиқлол” то оғози равзанаи трансферии тобистона ҳамчу иҷора дар дастаи чемпиони Тоҷикистон бозӣ хоҳад кард. Мисли пештара, Нуриддин Давронов зери рақами 8 ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

“Ювентус” ва “Челси” ва ҳимоятгари “Реал” ҳавасмандӣ доранд

“Реал” омода аст, ки имконияти фурӯхтани ҳимоятгари худ Рафаэл Варанро аз назар гузаронад.

“Дастаи шоҳона” омода аст, ки футболбозро фурӯшад, агар барои ӯ 50 миллион евро пешниҳод кунанд. “Ювентус” ва “Челси” нисбати ҳимоятгари 27-сола ҳавасмандӣ зоҳир намуданд, ана чанде пеш бошад, “МЮ” ва “ПСЖ” ҳам хоҳиш доштанд, ки Варанро бихаранд. Дар ин бора нашрияи Marca хабар медиҳад.

“Реал” мехоҳад, ки Варанро ба “ПСЖ” фурӯшад, зеро нақша дорад бо роҳбарияти дастаи парижӣ муносибати дӯстиашро мустаҳкамтар созад. Он барои харидани Килиан Мбаппе кӯмак хоҳад кард.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки агар Варан то тобистон шартномаашро бо даста дароз накунад, пас “Реал” ӯро ба фурӯш мегузорад. Мӯҳлати шартномаи ҳозираи Рафаэл то моҳи июни соли 2022 амал мекунад.

“Реал” ба нимҳимоятгари “Лейптсиг” ҳавасмандӣ дорад

Нимҳимоятгари “РБ Лейптсиг” Дани Олмо диққати “Реал”-ро ба худ ҷалб кардааст, хабар медиҳад нашрияи Ok Diario.

Дар дастаи мадридӣ чунин мешуморанд, ки футболбози 22-сола метавонад ивазкунандаи Лукас Васкес гардад, зеро ӯ шартномаашро бо даста дароз накарда истодааст ва бо эҳтимоли зиёд аз “Реал” меравад.

Хабар дода мешавад, ки пурқувват кардани хати ҳамла яке аз вазифаҳои асосии роҳбарияти “Реал” дар равзанаи трансферии тобистона хоҳад буд. Дани Олмо метавонад бо нархи 30 миллион евро ба “дастаи шоҳона” гузариш кунад.

Дар ин мавсим Олмо дар Бундеслига 20 бозӣ карда, 3 гол задааст ва 5 партофти головар додааст.

“Челси” нақша дорад, ки Азарро ба даста баргардонад

“Челси” имконияти ба даста баргардонидани ҳамлагари “Реал” Эден Азарро аз назар гузаронида истодааст, хабар медиҳад Defensa Central.

Тибқи маълумоти сарчашма, ба ҷароҳатҳои футболбоз нигоҳ накарда, дастаи лондонӣ ӯро ба нақшаҳои трансферии худ дохил кардааст. Аммо “Челси” умед дорад, ки футболбозро бо нархи арзон харидорӣ кунад. Лондониҳо омодаанд, ки барои ӯ 40–50 миллион евро пешниҳод кунанд. Роҳбарияти даста чунин мешуморад, ки Азар яке аз беҳтарин харидҳо дар равзанаи трансферии тобистона мегардад ва силсилаи ҷароҳатҳои ӯ ба анҷом мерасад.

Эден Азар тобистони соли 2019 аз “Челси” ба “Реал” гузариш кард. Нархи трансфер бештар аз 100 миллион евроро ташкил дод. Азар дар якуним мавсими худ дар дастаи шоҳона муаллифи 9 гол+партофтҳои головар шудааст ва 10 ҷароҳат бардоштааст.

Месси овозаҳои гуфтушунид карданашро ба “ПСЖ” ва “Манчестер Сити” рад кард

Ситораи “Барселона” Лионел Месси хабар дод, ки қарори ниҳоии худро дар анҷоми мавсим мебарорад.

Як нашрияи боэътимоди каталонӣ тавонист муайян кунад, ки Лионел Месси ва наздикони бо ягон намояндаи “ПСЖ”, “Манчестер Сити” ва дастаҳои дигар гуфтушунид накардааст. Месси анҷоми мавсимро интизор аст, то ба хулосае ояд, ки дар даста боқӣ монад ё не.

Шартномаи ҳамлагари аргентинӣ моҳи тобистон ба анҷом мерасад ва ӯро бо як қатор дастаҳо алоқаманд мекарданд, аз ҷумла бо чемпиони Фаронса ва боз якчанд топ-дастаҳои англисӣ.

Месси қайд кард, ки аз афсонаҳои нашрияҳо оиди гузаришаш ба ин ва ё он даста безор шудааст ва дар анҷоми мавсим шахсан худаш қарори ниҳоияшро хабар медиҳад.

Айни ҳол Месси метавонад озодона бо дастаҳои ғайрииспанӣ гуфтушунид гузаронад, аммо намехоҳад ин корро кунад.

“Ливерпул” ивазкунандаи Ван Дейкро пайдо кард

Ҳимоятгари “Шалке” барои гузариш ба “Ливерпул” наздик аст, хабар медиҳад журналист Фабритсио Романо.

“Мерсисайдиҳо” бо ӯ шартномаи шахсиашро маслиҳат карда, ба розигӣ расиданд.

Акнун ба “Ливерпул” зарур аст, ки бари харидани футболбоз “Шалке”-ро розӣ кунад. Ба дастаи олмонӣ вақт зарур аст, то ивазкунандаи Кабакро пайдо кунанд.

Хабар дода мешавад, ки “Ливерпул” барои ҳимоятгари турк 30 миллион евро падрохт мекунад ва ӯ ивазкунандаи Ван Дейк хоҳад шуд.

Сармураббии “ПСЖ” оиди трансфери эҳтимолии Месси фикрашро баён кард

Сармураббии “ПСЖ” Маурисио Почеттино ба саволи гузариши эҳтимолии ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси ба дастаи парижӣ ҷавоб дод.

“Овозаҳоро ба як тараф мегузорем. Аммо бояд қайд кунам, ки аз дидани беҳтарин футболбозон дар “ПСЖ” шод хоҳем шуд”, – гуфт Почеттино.

Хотиррасон мекунем, ки дастаи парижӣ 2-юми январ Маурисио Почеттиноро сармураббии худ таъйин кард.