Серияи А

Даҳшат дар футбол! Бозингари “Наполи” бо сараш ба замин зад

Ҳамлагари “Наполи” Виктор Осимхен дар бозии Серияи А зидди “Аталанта” (2:4) аз ҳуш рафт.

Ҳамлагар дар анҷоми бозӣ пас аз рақобати шадид бо ҳимоятгари “бергамаскиҳо” Кристиан Ромеро бо сараш ба замин афтид.

Ӯро бо замбар аз майдон бурданд. Ҳангоме, ки ӯ ҳоло дар варзишгоҳ қарор дошт, чанд маротиба аз ҳуш рафта, боз ба ҳуш омад. Ӯро дарҳол ба беморхона буданд.

Моҳи январ Виктор Осимхен ба коронавирус гирифтор шуда буд.

“Ювентус” омода нест, ки Моратаро пурра бихарад

“Ювентус” фикрашро тағйир дод ва омода нест, ки Алваро Моратаро пурра бихарад. Хотиррасон мекунем, ки ӯ футболбози “Атлетико” аст ва ба сифати иҷора дар дастаи туринӣ бозӣ мекунад.

Роҳбарияти “бянконери” аз ҳунарнамоии футболбоз дар нимаи дуюми мавсим розӣ нест. Мората кам гол зада истодааст ва болои ин ҳолати варзишиаш хело бад мебошад.

“Ювентус” омода нест, ки 45 миллион евро пардохт карда ӯро бихарад. Аммо даста тайёр кард, ки 10 миллион евро пардохт карда, иҷораи ӯро 1 соли дигар дароз кунад.

Тобистон дастаи туринӣ мехоҳад Мемфис Депай (бепул) ва Аркадиуш Миликро (12 миллион евро) ба даст даъват намояд.

Ҳамчунин “Ювентус” ба ҳамлагари “Айнтрахт” Андре Силва ҳавасмандӣ дорад. Ҳамлагари португалӣ дар 22 бозӣ 19 гол задаст. Ӯ бо Роналду шиноси наздик аст.

Рекорди нав ва ҷаҳонии Криштиану Роналду

Ҳамлагари “Ювентус” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ба даст овардани ҳамаи ҷоизаҳои имконпазирро идома медиҳад. Ин навбат ӯ берун аз майдон ҷоизаи ниҳоят муҳимро ба даст овард – ӯ аввалин нафар дар ҷаҳон шуд, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоияш бештар аз 500 миллион нафар обуна шудаанд.

Футболбози 36-сола дар 3 шабакаи иҷтимоӣ саҳифа дорад. Дар  Instagram шумораи обуначиёнаш ба 261 миллион, дар Facebook – 148 миллион ва дар Twitter – 91 миллион нафар мерасанд.

Хотиррасон мекунем, ки Роналду соли 2018 аз “Реал” ба “Ювентус” кард. Қаблан хабар дода шуд, ки роҳбарияти дастаи туринӣ мехоҳад бо ӯ то соли 2023 шартномаро дароз кунад.

Президенти “Ювентус” пешниҳоди кандани ситораи Контеро аз майдон рад кард

“Ювентус” муноқишаро бо  сармураббии “Интер” Антонио Конте идома нахоҳад дод. Ӯ дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷлми Италия ба президенти дастаи туринӣ ангушти мобайнашро нишон дод.

Тибқи маълумоти нашрияи Tuttosport, “Ювентус” аз майдони худ ситораи Контеро нахоҳад канд. Президенти даста Андреа Анйелли ин пешниҳодро қабул накард.

Дар майдони туриниҳо 50 ситора ҷойгир карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо барои футболбозон ва сармураббиҳои беҳтарини даста бахшида шудаанд. Ҳанӯз соли гузашта, вақте ки Конте бо “Интер” шартнома баст, мухлисон ҳохиш карданд, ки ситораи ӯро бикананд, аммо даста ин корро накард.

Конте аз соли 1991 то 2004 дар “Ювентус” бозӣ кардааст, ана аз соли 2011 то 2014 бошад, сармураббии даста буд. Ӯ ба ҳайси футболбоз бо дастаи туринӣ 15 ҷоиза ба даст овардааст, ба ҳайси сармураббӣ – 5 ҷоиза.

“Интер” ба хотири 113-солагии даста ном ва логотипашро иваз мекунад

“Интер” нақша дорад, ки ном ва логотипи дастаро моҳи марти соли 2021 иваз кунад.

Айни ҳол номи расмии даста “Football Club Internazionale Milano” мебошад. Пас аз 1 моҳ он бо “Inter Milano” иваз карда мешавад, зеро берун аз Италия даста бо ин ном бештар машҳур аст.

Ҳамчунин даста алакай логотипи нави худро ба қайд гирифт. Акнун он чунин мешавад:

Хабар дода мешавад, ки “Интер”-ро боз якчанд тағйиротҳои дигар интизоранд. Аз ҷумла, даста метавонад сарпарасти асосии худро иваз кунад ва аз майдони “Сан Сиро”, ки дар он ҳамчунин дастаи “Милан” ҷойгир аст, ба варзишгоҳи дигар равад.

Ном ва логотипи ҳозираи дастаро соли 1908 ташкилкунандаҳои “Интер” тасдиқ карда буданд. Ин тағйиротҳо 9-уми март амалӣ мегарданд, вақте даста 113-солагиашро ҷашн мегирад.

Ситораи ҷавони дастаи италиявиро барқ зад ва ӯ аз баландӣ ба замин афтид

Футболбози “Верона” Андреа Греселе ба болои қатора баромад ва ҳодисаи нохуш дучор гардид. Бозингари 18-сола, ки чанд рӯз пеш аз дастаи дуюм ба ҳайати асосии “Верона” даъват шуда буд, дар ҳузури дӯстдонаш ба болои қатора баромада, нохост бо дасташ ноқили барқро қапид.

Тибқи маълумоти ESPN, Анреаро барқ зад ва дар натиҷа ӯ аз баландии 4 метр ба замин афтид. Табибон ташхис карда, муайян намуданд, ки сутунмӯҳра ва мағзи сари футболбоз ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Ҳодиса 6-уми феврал рух дода буд.

8-уми феврал футболбоз ҷарроҳӣ карда шуд, аммо ҳоло ҳам ҳолаташ бештар нашудааст.

“Мо ҳама бо туем, бо наздикони туем, ки онҳо ҳам мисли мо барои ту ғам мехӯранд. Ба пеш, Андреа!” – навишта шудааст дар твиттери дастаи “Верона”.

Қарори аҷиби “Ювентус” нисбати Мората

Ҳамлагари “Атлетико Мадрид” Алваро Мората, ки ба ҳайси иҷора дар “Ювентус” бозӣ мекунад, метавонад дар Турин боқӣ монад. Дастаи италиявӣ намехоҳам тобистони соли 2021, яъне баъди ба анҷом расидани мӯҳлати иҷорааш, футболбозро ба дастаи мадридӣ баргардонад, хабар медиҳад AS.

“Ювентус” имкон дорад, ки Моратаро пурра бихарад, аммо роҳбарияти даста дар аввал мехоҳад, ки муҳлати иҷораи ӯро боз ба як мавсими дигар дароз кунад. Туриниҳо дар давраи буҳрони иқтисодӣ аз харидани футболбозон худдорӣ карда истодаанд, аммо нисбати Мората ин қарори хело аҷиб аст.

Transfermarkt ҳамлагари 28-соларо 50 миллион евро баҳо медиҳад. Дар мавсими 2020/2021 Мората дар ҳайати “бянконери” 26 бозӣ анҷом дода, 13 гол задааст ва 10 партофти головар додааст.

Роналду дар Серияи А – мошин барои задани голҳо аст

Ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду дар бозии Серияи А бо “Рома” ҳисоби бозиро кушод (2:0).

Ин голи 68-уми ҳамлагари португалӣ пас пас аз деюбти ӯ дар Италия, ки ба мавсими 2018/19 рост меояд, ба ҳисоб меравад.

Дар ин давра ҳамлагари 36-сола дар Серияи А 84 амали фоиданок анҷом додааст (68 гол ва 16 партофти головар), ки ин беҳтарин нишондод байни футболбозони ин чемпионат мебошад.

Ба ғайр аз ин, акнун дар ҳисоби Роналду дар 17 бозии Серияи А 16 гол аст ва ӯ дар рӯйхати бомбардирони чемпионат дар ҷойи якум қарор дорад. Ҳамлагари “Интер” Ромелу Лукаку 2 гол камтар ба ҳадаф расонидааст – 14 гол.

Роналду 36 сола шуд! “Ювентус” мехоҳад, ки ба ӯ шартномаи нав пешниҳод кунад

“Ювентус” омода аст ба ҳамлагари худ Криштиану Роналду, ки 5-уми феврал 36-сола шуд, шартномаи нав пешниҳод кунад, хабар медиҳад нашрияи Tuttosport.

Тибқи маълумоти нашрия, роҳбарияти дастаи туринӣ аз натиҷаҳои ҳамлагари португалӣ розӣ аст, ва чунин мешуморад, ки ӯ ба шартномаи наве, ки то соли 2023 амал мекунад, арзанда аст. Худи футболбоз ҳам хоҳиш дорад, ки ҳунарнамоияшро инҷо идома диҳад.

Қаблан Роналду дар дастаҳои «Спортинг», «Манчестер Юнайтед» ва «Реал» ҳунарнамоӣ кардаанд. Тобистони соли 2018 Криштиану бо нархи 112 миллион евро ба дастаи туринӣ гузариш кард. Тарафҳо шартномаи 4-сола ба имзо расонда буданд. Ҳамлагари 36-сола дар ин мавсими Серияи А 16 бозӣ карда, 15 гол задааст ва 3 партофти головар додааст.

“Ювентус” лидери худро аз даст дод

“Ювентус” натиҷаи ташхиси тиббии ҳамлагари худ Пауло Дибаларо, ки дар бозии даври 17-ум зидди “Сассуоло” ҷароҳат бардошта буд, нашр кард.

Маълум карда шуд, ки зонуи пойи чапи футболбоз ҷароҳат бардоштааст. Мӯҳлати барқароршавӣ 15-20 – рӯзро дар бар мегирад.

Ҳамин тавр, Дибала дар бозии Серияи А зидди “Интер” (17-уми январ) ва Суперҷоми Италия бо “Наполи” (20-уми январ) иштирок карда наметавонад.

Дар мавсими ҷории чемпионати Италия Дибала 11 бозӣ карда, 2 гол задааст.