Неймар дар бозии Ҷоми Фаронса ҷароҳат бардошт. Рӯзи сешанбе дастаи парижӣ бо “Барселона” рақобат мекунад
Ҳамлагари “ПСЖ” Неймар дар бозии даври 1/32 ниҳоии Ҷоми Фаронса зидди “Кан” (1:0) ҷароҳат бардошт.
Футболбоз аз сабаби ҷароҳат дар дақиқаи 60-ум майдонро тарк кард ва ба ҷойи ӯ Килиан Мбаппе баромад. Ҳамлагар дарҳол ба утоқи либосивазкунӣ аст.
Ин аввалин бозии Неймар ба ҳайси капитани даста буд.
Хотиррасон мекунем, ки даста 16-уми феврал дар Лигаи чемпионҳо бо “Барселона” рақобат мекунад ва акнун иштироки Неймар дар он зери суол аст.
Бояд қайд кунем, ки дар ин рақобат ҳамчунин Анхел Ди Мария бозӣ намекунад. Инро сармураббии даста Маурисио Почеттино тасдиқ кард.