Ла Лига

Месси дар рӯйхати бомбардирони Ла Лига ба ҷойи аввал баромад. Ӯ 7 бозӣ пайиҳам гол зада истодааст

“Барселона” дар бозии мавқуфмондаи даври 1-уми чемпионати Испания “Элче”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Дар дақиқаи 48-ум ҳамлагари дастаи каталонӣ ҳисобро кушод, дар дақиқаи 69-ум бошад, голи дуюми худро ба ҳадаф расонид. Акнун дар ин мавсими Ли Лига ӯ дар ҳисоби худ 18 гол дорад.

Дар рӯйхати бомбардирҳо ҳамлагари аргентинӣ аз ҳамлагари “Атлетико” Луис Суарес (16 гол) пеш гузашт ва дар ҷойи якум қарор гирифт.

Дар оғози моҳи феврал Суарес аз Месси 3 гол пеш буд. Ҳамлагари дастаи каталонӣ дар 3 бозии охири Ла Лига 5 гол зад, дар умум ӯ дар 7 бозии чемпионати Испания пайиҳам гол зада истодааст (11 гол).

“Реал” барои харидории Ҳоланд ва Мбаппе 852 миллион евро сарф мекунад

Нашрияи мадридии As ҳисоб кард, ки “Реал” дар ҳоли харидани ҳамлагари “ПСЖ” Киллиан Мбаппе ва ҳамлагари “Боруссия Дортмунд” Эрлинг Ҳоланд чӣ қадар маблағ сарф мекунад.

Тибқи маълумоти нашрия, мадридиҳо дар ҳоли амалӣ шудани трансферҳо барои маоши Мбаппе дар як сол 72 миллион евро (36 миллион маош, 36 миллион андоз) ва барои маоши Ҳоланд 20 миллион (10 миллион евро маош, 10 миллион евро андоз) сарф хоҳанд кард. Янъе, ба ҳисоби умумӣ барои маоши футболбозон “Реал” ҳар сол 92 миллион евро сарф мекунад.

Арзиши трансфери ҳардуи футболбозон ба ҳисоби миёна ба 150 миллион евро баробар аст. Агар бо онҳо шартномаи 6 сола баста шавад, ҳар сол ҳардуи онҳо барои “Реал” 50 миллион евро нарх хоҳанд дошт.

Ҳамин тавр, агар нархи трансфер ва маоши онҳоро ҳисоб кунем ва агар онҳо бо “дастаи шоҳона” шартномаи 6-сола банданд, пас “Реал” дар ин 6 сол 852 миллион евро сарф мекунад.

Роналд Куман оиди ҳавасмандии “Барселона” нисбати Ҳоланд фикри худро баён кард

Сармураббии “Барселона” Роналд Куман оиди ҳавасмандии дастаи каталонӣ нисбати ҳамлагари “Боруссия” Эрлинг Ҳоланд фикри худро баён кард. Ӯ ба саволи журналист дар нашрияи матбуотӣ чунин ҷавоб дод:

“Оиди ояндаи даста ман ақидаҳои худро дорам, аммо бояд интизор шавам, ки кай интихоботи президент баргузор мегардад. Сипас ман метавонад бо роҳбари даста сари як миз нишаста оиди трансферҳои оянда маслиҳат кунам”.

Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президенти “Барселона” 7-уми март баргузор мегардад.

Месси аз рӯйи зарбаҳои пеналти дар Ла Лига рекорди Роналдуро зад

“Барселона” дар даври 24-уми Ла Лига бо “Кадис” рақобат кард. Бозӣ дар майдони “Камп Ноу” баргузор гардида, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 32-юми бозӣ ҳамлагари дастаи каталонӣ Лионел Месси аз пеналти гол зад.

Ин 73-юм зарбаи пеналтии дар доираи Ла Лигаи Испания буд. Ҳамин тавр, ҳамлагари аргентинӣ аз рӯйи ин нишондод аз собиқ ҳамлагари “Реал” Криштиану Роналду пеш гузашт. Ӯ дар ҳисоби худ 72 зарба аз пеналти дошт.

Месси моҳи октябри соли 2004 дар ҳайати “Барселона” дебют кард. Роналду бошад, соли 2009 ба “Реал” гузариш кард.

“Барселона” дар 4 бозии худ 1 ғалаба ба даст овардааст

“Барселона” дар даври 24-уми Ла Лига бо “Кадис” рақобат кард. Бозӣ дар майдони “Камп Ноу” баргузор гардида, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Каталониҳо дар 4 бозии охири худ ҳамагӣ 1 ғалаба доранд – 13-уми фервал дар рақобат бо “Алавес” (5:1). Дар 2 бозии боқимондаи худ “Барселона” ҳикаст хӯрдааст – 0:2 аз “Севиля” ва 1:4 аз “ПСЖ”.

Дар рақобати навбатии худ “Барселона” бо “Элче” во мехӯрад. Ин бозӣ 24-уми феврал дар назар аст.

Бензема зидди “Валядолид” ва “Аталанта” бозӣ намекунад?

Ҳамлагари “Реал” Карим Бензема дар бозии даври 24-уми Ла Лига зидди “Валядолид” ба майдон намебарояд.

Ҳамлагари фаронсавӣ дар тамрини охирони даста иштирок накард ва ба ҳайат барои рақобати навбатии Ла Лига дохил карда нашуд.

Ба ғайр аз ин, нашрияи Cadena COPE хабар медиҳад, ки иштироки ҳамлагари 33-сола дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо зидди “Аталанта” ҳам зери суол аст.

Сармураббии “Реал” Зинедин Зидан имрӯз дар нишасти матбуотӣ сабаби иштирок наакардани Бенземаро мефаҳмонад.

“Реал” 20-уми феврал бо “Валядолид” ва 24-уми феврал бо “Аталанта” рақобат мекунад.

Агент Мингеля оиди соли 2017-ум: “Барса” метавонист Мбапперо бихарад, аммо Дембелеро интихоб кард

Агенти футбол Хуниор Мингеля нақл кард, ки соли 2017 “Барселона” метавонист Килиан Мбапперо харидорӣ кунад.

Ҳамлагари ҷавон, ки дар “Монако” ҳунарнамоӣ мекард, хело наздик буд, то ба дастаи каталонӣ гузарад, аммо роҳбарияти ин даста Усмон Дембелеро интихоб карданд.

“Бале, ҳамааш айнан ҳамин хел аст. Ин ҳақиқат мебошад. Падари ман фаҳмид, ки Неймар бо “ПСЖ” алакай гуфтушунид кардааст ва аз “Барселона” меравад. Аммо роҳбарияти каталониҳо ё дар ин бора хабар надоштанд, ё ин ки ба овозаҳо бовар намекарданд ва худи Неймар ҳам ба даста хабар надод, ки ба наздикӣ меравад. Бинобар ин “Барселона” то рафтани Неймар нақша надошт ҳамлагар бихарад.

Вақте тасдиқ шуд, ки Неймар меравад, Бартомеу ва сармураббии онвақтаи даста маслиҳат карданд, ки кадом футболбозро ба ивази ҳамлагари бразилӣ харидорӣ кунанд. Ба роҳбарият Мбапперо пешниҳод карданд, аммо онҳо бар он ақида буданд, ки Дембеле нисбат та Килиан ба даста бештар мувофиқ аст. Ҳатто шунидам, ки онҳо Килианро “ҳеҷ кас” номидаанд.

Мо оиди трансфери Мбаппе гуфтушунид карда будем ва нархи ӯ 130 миллион евро буд. Маошаш бошад, бояд дар як сол аз 10 то 16 миллион евро мешуд”, – гуфт Мингеля.

“Барселона” ивазкунандаи Куманро пайдо кард

“Барселона” ивазкунандаи эҳтимолии сармураббии даста Роналд Куманро пайдо кард.

Журналист Никола Скира дар твиттери худ хабар медиҳад, ки номзадҳои президентии “Барселона” мехоҳанд собиқ футболбози ин даста Хави Эрнандесро ба ҳайси сармураббӣ бубинанд. Айни ҳол нобиғаи дастаи каталонӣ сармураббии “Ал-Садд”-и Қатар мебошад.

Месси бутсҳои худро, ки бо онҳо рекорди Пелеро зада буд, дар ауксион мефурӯшад ва маблағашро хайр мекунад

Ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси бутсҳои худро, ки бо он рекорди Пелеро аз рӯйи голҳо дар як даста зада буд, ба осорхонаи Каталония дод, хабар медиҳад RAC1.

Тибқи маълумотҳо, бустҳо як моҳ дар осорхона ба намоиш гузошта мешаванд, ки баъд онҳоро дар ауксион мефурӯшанд. Маблағи ба даст омадаро ба беморхонаи кӯдакона барои муолиҷаи саратон хайр мекунанд.

Моҳи декабр Месси ба дарвозаи “Валядолид” гол зад, ки ин 644-ум голи ҳамлагар дар “Барселона” буд. Ҳамин тавр, Месси рекорди Пелеро зад – ӯ дар “Сантос” 643 гол задааст.

“Реал” аз Рамос ва Васкес талаб дорад, ки ба кам кардани маош розӣ шаванд. Сабабаш хело аҷиб аст

Маълум шуд, ки барои чӣ дар вақти гуфтушунид барои дароз кардани шартнома роҳбарияти “Реал” аз Лукас Васкес ва Серхио Рамос талаб дорад, ки ба кам кардани маошашон розӣ шаванд.

Тибқи маълумоти нашрияи As, дастаи мадридӣ аз ҳамаи онҳое, ки шартномаро бо даста дароз карда истодаанд, хоҳиш дорад, ки ба кам кардани маош розӣ шаванд, зеро ба роҳбарият барои пардохт кардани маоши Гарет Бейл 30 миллион евро зарур аст.

Ҳамлагари уэлсӣ бо сармураббии “Тоттенхэм” Жохе Моуриню муносибати хуб надорад ва бо эҳтимоли зиёд тобистон ба “Реал” бармегардад. “Реал” метавонад шартномаро бо Бейл қатъ кунад, аммо дар ин ҳолат ҳам маҷбур аст, ки маоши ӯро пурра пардохт намояд.