“Манчестер Сити” ба Месси пешниҳод нав мекунад
“Манчестер Сити ” барои харидории ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси пешниҳоди нав омода кард. Дар ин бора нашрияи The Sun хабар медиҳад.
Соли 2020 “шаҳриҳо” ба Месси барои 5 сол 693 миллион евро пешниҳод карданд, аммо акнун бошад, бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ пешниҳод ба 496 миллион евро баробар шуд. Сабабаш бӯҳрони иқсидоии пас аз коронавирус будааст.
Тибқи ин шартнома ҳамлагари аргентинӣ бояд 2 соли оянда дар “Манчестер Сити” ҳунарнамоӣ кунад ва баъдан ба дастаи “Ню-Йорк Сити” равад, ки он ҳам аз они президенти “шаҳриҳо” аст.
Пас аз ин Месси бояд намояндаи City Football Group мешуд, ки ба ин ширкат 10 даста аз минтақаҳои гуногуни дунё дахл доранд.
Тибъқи маълумоти нашрия, “шаҳриҳо” холо ҳам мехоҳанд Мессиро бихаранд, аммо пешниҳоди аввалаашонро иваз карданд.
Шартномаи феълии Месси бо “Сити” то 30-юми июни соли 2021 ба анҷом меравад. Муддаиёни асосӣ барои ба даст овардани ҳамлагари 33-сола дастаҳои “ПСЖ” ва “Манчестер Сити” ба ҳисоб мераванд.