Ҳамаи дӯстдухтарони Криштиану Роналду. Ирина Шейк, Ким Кардашян ва боз 8 зебояки дигар: бо аксҳояшон

Ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду — падари намунавие мебошад, ки 4 фарзандро ба воя мерасонад, аммо ӯ танҳо пас аз шиносоӣ бо Ҷорҷина Родригес ҳаёти ҷиддии оилавиро оғоз кард. Майдон TJ ҳамаи дӯстдухтарони Роналдуро ба хотир меорад, ки футболбоз пеш аз во хӯрдани Ҷорҷина бо онҳо қиссаи ишқ дошт ва фаъолона ҳавасмандӣ зоҳир менамуд.

Ким Кардашян

Тибқи маълумотҳо, дар ҷавонӣ Криштиану чанд рӯзе бо Ким Кардашян ишқварзӣ кардааст. Ин ҳодиса соли 2010 рух додааст. Он вақт Роналдуи 25-сола алакай дар “Реал” ҳунарнамоӣ мекарду, Кардашян дӯстписар надошт. Модел барои вақтгузаронӣ 3 рӯз ба Мадрид омад. Инҷо Ким бо ситораи португалӣ шинос шуд ва шоҳидон онҳоро дар яке аз тарабхонаҳо мушоҳида карданд. Ин ҷуфт хело зуд бо ҳам забон як карданд. Дар вақти хӯроки шом ҳарду назди миз нишаста, дуру дароз ханда мекарданд ва ҳатто якдигарро бӯсидаанд, хабар медиҳад Daily Mail.

Жордана Жардел

Аввалин ишқи Роналду пас аз футболбози профессионалӣ шудани ӯ. Жордана – хоҳари хурдии собиқ футболбози “Спортинг” Марио Жардела мебошад, ки соли 2003 бо Криштиану шинос шудааст. Қиссаи ишқи онҳо ҳамагӣ якчанд моҳ давом кардааст: онҳо маҷбур шуданд аз ҳам ҷудо шаванд, зеро Роналду ба Манчестер рафт, ана Жордана бошад, ба қароре омад, ки дар Португалия боқӣ монад.

Ҷемма Аткинсон

Модел ва актрисаи британӣ вақте, ки Роналду дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекард, чанд вақт бо ӯ во хӯрдааст. Нашрияҳо хабар дода буданд, ки ин ҷуфт ҳатто чанд шабро бо ҳам гузаронданд. Худи духтар пас аз чанд вақт дар интервюяш нақл кард, ки чӣ тавр Роналду диққати ӯро ба худаш ҷалб мекард: футболбоз ба Аткинсон чой медод ва онҳо ҳамроҳ филми мазҳакавии “Бахти девонаҳо омад мекунад”-ро тамошо мекарданд. Ба гуфти Ҷемма, ин амали Роналду дар ҳақиқат диққати ӯро ҷалб мекард.

Ирина Шейк

Ин модели нотакрори русро шояд ҳамаи мухлисони Роналду шиносанд: Криштиану бо дӯстдухтари русаш 5 сол во хӯрд – аз соли 2010 то соли 2015. Ҳозир бошад, бисёриҳо мегӯянд, ки қиссаи ишқи онҳо ҳақиқӣ набуд ва ин ҷуфт танҳо барои машҳур кардани якдигар бо ҳам во мехӯрданд. Журналисти рус Виктория Боня дар ин бора чунин мегӯяд:

“Дар ин замона занҳо ба ҳама кор омодаанд. Модел Ирина Шейк ва футболбоз Криштиану Роналду тибқи шартномаи 5 сола бо ҳам во хӯрданд. Баъдан он ба анҷом расиду, ҷуфт барҳам хӯрд. Дӯстдухтари нави футболбоз ҳам бо Роналду айнан ҳамин хел шартнома дорад. Аммо ман намехоҳам, ки анҷоми ишқи онҳо ҷудоӣ бошад. Мехоҳам, ки онҳо оилаи хуб барпо кунанд”.

Нерейда Галярдо

Модели испанӣ, ки пеш аз трансфери Роналду аз “МЮ” ба “Реал” бо ӯ чанд шабро якҷоя гузаронидааст. Баъдан Галярдо Роналдуро дӯстписари нодаркоре номид, ки ба ягон чиз ба кор намеояд: ба духтар трусиҳои сурхи футболбоз, ки сурати хартуми фил доштанд, маъқул нашудаанд. 

Люсия Виллалон

Журналисти канали “Реал”, ки пас аз ҷудо шудани Криштиану аз Ирина Шейк чанд вақт бо ӯ ишқварзӣ кардааст. Муносибати ошиқии Виллалон бо беҳтарин футболбози дастаи шоҳона дер давом накард – алакай пас аз чанд моҳ онҳо ба хулосае омаданд, ки ҷудо шаванд. Баъдан Роналду ҳама намуд муносибатҳоро бо Люсия, ба ҷуз муносибатҳои корӣ рад кард.

Луана Беллетти

Жулиано Беллеттиро мешиносед? Ин футболбоз муаллифи голи ғалабаовар дар финали Лигаи чемпионҳои соли 2006 мебошад, ки пас аз “Барселона” дар “Челси” ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 2009 Жулиано хоҳари худро бо Криштиану Роналду шинос кард ва онҳо ҳатто ба вохӯрӣ рафтанд. Шоҳидон Роналду ва Беллеттиро дар як тарабхона мушоҳида карданд, ки дар оғӯши якдигар буданд. Аммо қиссаи ишқи онҳо дер давом накард ва аниқтар карда гӯем, ки он ҳамагӣ бо як вохӯрӣ ба анҷом расид. Айни ҳол Луана дизайнери либос мебошад, ана ҳамлагари португалӣ бошад бо эҳтимоли зиёд ҳатто будани ин духтарро дар ҳаёт фаромӯш кардааст.

Даниэлла Чавес

Модели чилиягӣ бо бадани диққатҷалбкунандаи худ тавонист дили Роналдуро ба даст орад – ростӣ худи футболбоз ин маълумотро ҳеҷ гоҳ тасдиқ накардааст. Аммо Чавес дар интервюи худ ба нашрияи The Sun чунин гуфт:
“Дар аввал Роналду хело шармгин буд, аммо вақте, ки худро ба даст гирифт, марди ҳақиқӣ шуд, ҳарчанд, ки ҳоло ҳам дар дилаш каме тарс дошт. Ӯ маро дӯст медошт, аммо ин бароям муҳим набуд. Танҳо мехостам, ки орзуямро амалӣ намоям ва бо ӯ як шаб ҳамхобагӣ кунам. Ба ман бадани ӯ писанд омад. Ба Криштиану ҳам симо ва бадани ман писанд буданд. Ҳамчунин ӯ дер боз орзу дошт, ки бо ягон модели Playboy ҳамхобагӣ кунад.”

Александра Мендес

Модел аз Венесуэла, ки мегуфт, бо Роналду сӯҳбат кардааст, шахсан бо ӯ во хӯрдааст, аммо дар байнашон чизе набуд. Аз рӯйи гуфтаҳои Мендес ӯ ба Криштиану хело маъқул буд ва футболбоз ҳамеша барои баён кардани муҳаббаташ ишораҳо мекард. Ҳатто Криштиану ваъда кардааст, ки агар ин духтар ба ягон бозӣ ояд ва Роналду дар он гол занад, пас пушташ* ӯро бӯса мекунад. Сухан оиди кадом бозӣ мерафт, аниқ маълум нест, аммо як чиз маълум аст, ки Роналду хело кам бе задани гол аз майдон меравад.

Дезире Кордеро

Ғолиби озмуни «Мисс Испания-2014» соли 2016 бо Роналду во мехӯрд. Дар муқоиса бо дигар духтарон, футболбоз бо Кордеро озодона дар кӯчаҳо мегашт ва дар интернет аксҳои онҳоро ёфтан хело осон аст. Аммо ҳатто бо чунин ҳол Криштиану бо ин духтар бисёр во нахӯрд ва худи ҳамон сол аз ӯ ҷудо шуд. Футболбоз чунин мешуморад, ки Дезире танҳо ба хотири машҳур шудан бо ӯ қиссаи ишқ дошт.

3.9 13 голоса
Ваша оценка
guest
Имя
4 Комментарии
Старые
Новые Популярные
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Абдуллох
Абдуллох
2 лет назад

Блин ин роналдо бабник будас да

Диловар
Диловар
2 лет назад

Бля Ами суратора Георгинагио зани хозираш дидабоша😅😅

Sohail
Sohail
2 лет назад

Namyokoda gap nest aka

Э ана
Э ана
2 лет назад

Ииии ана