Беҳрӯз Артиков

Рақибони “Реал” дар плей-оффи ЛЧ 15 корти сурх гирифтанд. Акнун “дастаи шоҳона” бо “Барселона” баробар шуд

Дар доираи рақобати якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Реал” дар меҳмонӣ бо “Аталанта” рақобат кард.

Дар дақиқаи 17-ум довари марказӣ ба нимҳимоятгари “Аталанта” Ремо Фройлер барои вайрон кардани қоида корти сурх нишон дод ва аз майдон ронд.

Дар умум, дар таърихи плей-оффи Лигаи чемпионҳо рақибони “Реал” 15 корти сурх гирифтаанд, ки ин рекорди мусобиқа мебошад.

Акнун “дастаи шоҳона” аз рӯйи ин нишондод бо “Барселона” баробар шуд.

Бейл ба худ омада истодааст

Дар рақобати ҷавобии даври 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо “Тоттенхэм” дар майдони худ “Волфсберг”-ро (4:0, бозии якум – 4:1) шикаст дод.

Ҳамлагари дастаи лондонӣ Гарет Бейл дар қисми дуюм ба майдон баромад ва муаллифи гол шуд.

Ҳамлагари 31-сола дар 3 бозии охири худ аз рӯйи системаи “гол+партофти головас” 4 хол ба даст овард.

Маълум шуд, ки кадом футболбозони “Реал” дар бозии ҷавобӣ зидди “Аталанта” иштирок намекунанд

Дар доираи рақобати якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Реал” дар меҳмонӣ бо “Аталанта” рақобат кард.

Дар дақиқаи 23-юми нимҳимоятгари мадридиҳо Каземиро зидди ҳамлагари “Аталанта” Дуван Сапата қоидаи бозиро вайрон кард ва корти зард гирифт.

Ҳамин тавр, Каземиро аз сабаби 3 корти зард гирифтанаш дар рақобатҳои Лигаи чемпионҳо дар бозии ҷавобӣ зидди “бергамаскҳо” иштирок карда наметавонад. Ҳамчунин аз сабаби ҷароҳат Родриго, Рамос, Карвахал ва Валверде дар бозӣ ширкат намекунанд. Бозӣ кардани Азар, Милитао ва Одриосола зери суол аст.

Месси дар рӯйхати бомбардирони Ла Лига ба ҷойи аввал баромад. Ӯ 7 бозӣ пайиҳам гол зада истодааст

“Барселона” дар бозии мавқуфмондаи даври 1-уми чемпионати Испания “Элче”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Дар дақиқаи 48-ум ҳамлагари дастаи каталонӣ ҳисобро кушод, дар дақиқаи 69-ум бошад, голи дуюми худро ба ҳадаф расонид. Акнун дар ин мавсими Ли Лига ӯ дар ҳисоби худ 18 гол дорад.

Дар рӯйхати бомбардирҳо ҳамлагари аргентинӣ аз ҳамлагари “Атлетико” Луис Суарес (16 гол) пеш гузашт ва дар ҷойи якум қарор гирифт.

Дар оғози моҳи феврал Суарес аз Месси 3 гол пеш буд. Ҳамлагари дастаи каталонӣ дар 3 бозии охири Ла Лига 5 гол зад, дар умум ӯ дар 7 бозии чемпионати Испания пайиҳам гол зада истодааст (11 гол).

“Тоттенхэм” ивазкунандаи Моуринюро пайдо кард

“Тоттенхэм” дар ҳоли аз даста хориҷ кардани сармураббӣ Жозе Моуриню вариантҳои гуногуни извакунии ӯро аз назар гузаронида истодааст.

Тибқи маълумоти The Telegraph, дар ҳоли аз даста рафтани мутахассиси португалӣ сармураббии “РБ Лейптсиг” Юлиан Нагелсманн дастаи лондониро роҳбарӣ хоҳад кард. Сармураббии ҷавони олмонӣ нашқа дорад, ки худро дар Премйер-лигаи Англия ҳам бисанҷад.

Қайд карда мешавад, ки 2 ҳафтаи оянда барои Муориню ҳалкунанда хоҳанд буд. Аммо бояд дар назар дошта бошем, ки Нагелсманн танҳо дар анҷоми мавсим дастаи олмониро метавонад тарк кунад, бинобар ин Жозе то моҳи июн аз “Тоттенхэм” намеравад.

Пешгӯии собиқ ҳамлагари “Реал” ва “Аталанта” барои рақобати имшабаи ЛЧ

Собиқ ҳамлагари дастаҳои “Реал” ва “Аталанта” Федерико Магалянес дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ дар рақобати байни 2 дастаҳои пешинаи худ “бергамаскиҳо”-ро фаворит мешуморад.

“Бо дарназардошти ҳолати варзишии дастаҳо мо рақобати баробарро хоҳем дид. “Аталанта” каме бартарӣ дорад. Аммо “Реал” аз ҳисоби таҷриба ва таърихи худ лар Лигаи чемпионҳо ҳамеша яке аз фаворитҳо ба ҳисоб меравад.

Ман бештар “Аталанта”-ро назорат карда истодаам. Онҷо якчанд дӯстони ман кор мекунанд. Даста дар солҳои охир пешравии калон кард, зеро ҳам дар майдон ва ҳам берун аз он дастаро хело хуб роҳбарӣ мекунанд. Вақте хуб меҳнат мекунӣ, натиҷаҳо ҳам хуб мешаванд, ҳамааш аз рӯйи адолат аст.

Ана барои чӣ ин рақобат барои “Реал” мушкил хоҳад буд, ҳарчанд, ки ҳангоми қуръакашӣ “Аталанта” барои мадридиҳо рақиб хело осон ба назар менамуд.

Дастаи Зидан айни ҳол бозии беҳтарини худро нишон надода истодааст, аммо агар онҳо хоҳанд, ки ба даври навбатӣ роҳхат гиранд, бояд беҳтар ҳунарнамоӣ кунанд”, – гуфт Магалянес.

Беҳтар аз Тер Штеген, Куртуа ва Нойер. Дарвозабони “Челси” дар ЛЧ ҳамаро қоил кард

Дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Челси” дар меҳмонӣ “Атлетико”-ро шикаст дод – 1:0.

Дарвозабони ластаи лондонӣ Эдуардо Менди дар ин мавсими Лигаи чемпионҳо дар 5 бозӣ гол сар надодааст. Ин беҳтарин натиҷаи мусобиқа мебошад.

Ягона бозие, ки дар он Менди ба дарвозаи худ гол сар дода буд, ин рақобат бо “Ренн” буд, ки 24-уми ноябр баргузор гардид ва дар он “Челси” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дар рақобати охирини марҳилаи гурӯҳӣ бо “Краснодар”, ки мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт, Менди иштирок накарда буд ва дарвозаи дастаи лондониро Кепа ҳимоя мекард.

Шармандагии Суарес ва ҳамдастаҳои ӯ дар бозӣ зидди “Челси”

Дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Атлетико” дар майдони худ аз “Челси” шикаст хӯрд – 0:1.

Дастаи Диего Симеоне дар 90 дақиқаи бозӣ ба дарвозаи “Челси” ягон зарбаи рост назадааст. Аз 6 кӯшиши футболбозони мадридӣ 3 зарба хато рафтааст, 3 зарбаи дигарро бошад, ҳимоятгарони “Челси” пеши роҳашро гирифтаанд.

Дастаи лондонӣ бошад, дар ин бозӣ 11 зарба задааст – 5 зарба ба дарвоза, 3 зарба хато рафтааст ва 3 зарбаи дигарро бошад, ҳимоятгарони “Атлетико” баргардонидаанд.

Ҳамчунин шогирдони Томас Тухел аз рӯйи фоизи тӯбронӣ ҳам аз рақибони худ беҳтар буданд – 59% ба 41%. Шумораи партофтҳо ҳам ба фоидаи “Челси” аст – 697 ба 399.

Кроос тасдиқ кард, ки “Реал” бо Алаба гуфтушунид гузаронида истодааст

Тони Кроос оиди овозаҳо дар бораи гузариши ҳимоятгари “Бавария” Давид Алаба ба “Реал” фикру андешаи худро баён кард.

“Барои он, ки ту даъвати “Реал”-ро сазовор бошӣ, бояд дар ҳақиқат хуб ҳунарнамоӣ кунӣ ва ба як қатор талаботҳо ҷавобгӯ бошӣ. Бояд ҳатто дар ҳолатҳои мушкил, вақте корат барор намегирад, барои рақобат кардан омода бошӣ. Барои бозӣ кардан дар “дастаи шоҳона” танҳо футболбози хуб будан кам аст.

Мушкилии асосӣ дар он аст, ки ман бо Алаба 7 сол мешавад, ки бозӣ накардаам. Бинобар ин оиди фикру ақидааш хабари кофӣ надорам. Шунидам, ки дастаи мо бо ӯ гуфтушунид гузаронида истодааст. Аммо дар ин бора маълумоти пурра надорам.

Фикр мекунам, ки футболбози дараҷаи “Бавария” бешубҳа сазовори бозӣ кардан дар “Реал” аст. Мебинам, канӣ чӣ рух медиҳад”, – гуфт Тони Кроос.

Хамес овозаҳои рафтанашро аз “Эвертон” рад кард

Нимҳимоятгари “Эвертон” Хамес Родригес овозаҳои аз Англия рафтанашро рад кард ва гуфт, ки инҷо худро хуб ҳис мекунад.

“Ман аз ҳама чӣ розиам. Ҳама медонанд, ки Премйер-лига барои ман саҳифаи нави ҳаётам аст.

Ман қариб 30 сола ҳастам ва худро хуб ҳисм мекунад. Аз ҳама ҳодисаҳои наве, ки дар ҳаётам рух доданд, розиям. Еорҳо хуб рафта истодаанд”, – гуфт Хамес.