“Реал” барои харидории Ҳоланд ва Мбаппе 852 миллион евро сарф мекунад

Нашрияи мадридии As ҳисоб кард, ки “Реал” дар ҳоли харидани ҳамлагари “ПСЖ” Киллиан Мбаппе ва ҳамлагари “Боруссия Дортмунд” Эрлинг Ҳоланд чӣ қадар маблағ сарф мекунад.

Тибқи маълумоти нашрия, мадридиҳо дар ҳоли амалӣ шудани трансферҳо барои маоши Мбаппе дар як сол 72 миллион евро (36 миллион маош, 36 миллион андоз) ва барои маоши Ҳоланд 20 миллион (10 миллион евро маош, 10 миллион евро андоз) сарф хоҳанд кард. Янъе, ба ҳисоби умумӣ барои маоши футболбозон “Реал” ҳар сол 92 миллион евро сарф мекунад.

Арзиши трансфери ҳардуи футболбозон ба ҳисоби миёна ба 150 миллион евро баробар аст. Агар бо онҳо шартномаи 6 сола баста шавад, ҳар сол ҳардуи онҳо барои “Реал” 50 миллион евро нарх хоҳанд дошт.

Ҳамин тавр, агар нархи трансфер ва маоши онҳоро ҳисоб кунем ва агар онҳо бо “дастаи шоҳона” шартномаи 6-сола банданд, пас “Реал” дар ин 6 сол 852 миллион евро сарф мекунад.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии