Нашрияи фаронсавии L’Equipe ҳайати рамзии соли 2020-ро, ки тариқи овоздиҳӣ байни мухлисон муайян карда шуд, нашр кард.
Дарвозабон: Мануэл Нойер («Бавария»).
Ҳимоятгарон: Алфонсо Дэвис («Бавария»), Серхио Рамос («Реал»), Вирҷил ван Дейк («Ливерпул»), Трент Александер-Арнолд («Ливерпул»).
Нимҳимоятгарон: Тиаго Алкантара («Бавария» / «Ливерпул»), Йозуа Киммих («Бавария»), Кевин де Брюйне («Манчестер Сити»), Неймар («ПСЖ»).
Ҳамлагарон: Карим Бензема («Реал»), Роберт Левандовски («Бавария»).
Ба ин ҳайати рамзӣ ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду и ҳамлагари «Барселона» Лионел Месси шомил нагардиданд. Ин дар ҳолест, ки ҳардуи онҳоро ФИФА ба ҳайати рамзии худ ҷой дода буд.
Дар овоздиҳӣ 111 ҳазор обуначиёни сомонаи L’Equipe иштирок карданд.