«Барселона» нақша дорад, ки дар равзанаи трансферии зимистона ҳайати худро пурқувват кунад.
Тибқи маълумоти нашрияи Marca, ба рӯйхати трансферии дастаи каталонӣ – ҳимоятгари марказӣ, ҳамлагари марказӣ ва нимҳимоятгар дохил мешаванд, аммо нақшаи асосии “Барселона” – қавӣ кардани маркази хати ҳимоя мебошад.
Номзади асосӣ барои ин мавқеъ ҳимоятгари «Манчестера Сити» Эрик Гарсия ба ҳисоб меравад. “Каталониҳо” ҳама корро анҷом хоҳанд дод, то роҳбарияти “Сити”-ро барои фурӯхтани ҳимоятгар розӣ кунанд. Айни ҳол дастаи англисӣ нақша надорад, ки бо Гарсия ҷудо шавад ва ин дар ҳолест, ки шартномаи ӯ тобистони соли 2021 ба анҷом мерасад.
Иҷрокунандаи вазифаи президенти муваққатти каталониҳо Карлес Тускетс бо номзадҳо барои президентии даста вохӯрӣ мегузаронад, то бо онҳо ин трансферро маслиҳат кунад.
“Барселона” ҳавасмандии худро нисбати ҳамлагари “Лион” Мемфис Депай кам кард. Каталониҳо то он вақте, ки мушкилии хати ҳимояро ҳал накунанд, барои харидани ҳамлагари нидерландӣ кӯшиш нахоҳанд кард.
Дар равзанаи трансферии зимистона нимҳимоятгар Карлес Аленя ва ҳимоятгари кунҷи чап Хуниор Фирпо метавонанд дастаро тарк кунанд.