Ҳукумати Испания иқрор шуд, ки аз маоши Месси дар ҳайрат аст

Вазири фарҳанг ва варзиши Испания Хосе Мануэл Урибес оиди дар интернет нашр гардидани нусхаи шартномаи ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси фикри худро баён кард.

“Нархи шартномаи Месси? Маблағе, ки дар он қайд карда шудааст, ҳамаро ба ҳайрат овард. Маош дар ҷаҳони футбол таърихи дуру дароз дорад, натанҳо дар Испания, балки дар тамоми ҷаҳон. Аммо ҳозир, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки мардум давраи начандон хубро аз сар гузаронида истодаанд, 555 миллион еврои шартномаи Месси аз рӯйи адолат нест.

Маҳдудкуни маош дар футболи Испания? Ин аз ман вобастагӣ надорад. Мо дар давраи капиталистӣ зиндагӣ карда истодаем, ки бозор озод аст”, – гуфт Урибес.

Шартномаи ҳамлагари аргентинӣ то 30-юми июни соли 2021 амал мекунад.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии