Ҳодисаҳои футболии ин ҳафта мухлисонро шод хоҳанд кард. Аз Эл-класикои эҳтимолӣ то аввалин ҷоизаи Почеттино дар роҳбарии “ПСЖ” алакай дар 3-юм бозӣ.
14-уми январ дар финали Суперҷоми Испания “ПСЖ” ва “Марсел” бо ҳам рақобат мекунанд. Сармурабии дастаи парижӣ Мауритсио Почеттино метавонад алакай дар сеюм бозӣ пас аз таъйин гардидани худ, ғолиби ҷоиза шавад.
16-уми январ мухлисони футболи италиявиро дербии шаҳри Рим интизор аст — «Латсио» зидди «Рома».
17-уми январ «Ливерпул» зидди «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб дар ҷадвали Премйер-лигаи Англия ба мавқеи аввал мебарояд.
17-уми январ дар финали Суперҷоми Испания метавонанд “Барселона” ва “Реал Мадрид” рақобат кунанд, агар дар бозиҳои даври нимниҳимоӣ рақибони худ “Сосйедад” ва “Атлетик Билбао”-ро шикаст дода тавонанд.
18-уми январ дар чемпионати Италия моро рақобати ҷолиб байни “Интер” ва “Ювентус” интизор аст. Ҳардуи дастаҳо барои ғолиби чемпионати Италия шудан фаворит ба ҳисоб мераванд ва рақибони ашаддӣ мебошанд.