Суперҷоми Испания алакай 1 сол аст, ки бо формати нав баргузор мешавад. Федератсияи футболи Испания 17-уми декабр натиҷаиҳои қуръакашии даври нимниҳоиро нашр кард.
13-уми январ дар Кордоба “Реал Сосйедад” ва “Барселона” рақобат мекунанд. Бозии дуюми даври нимниҳоӣ дар Малага байни “Реал Мадрид” ва “Атлетик Билбао” доир мегардад.
Ғолибони даври нимниҳоӣ 17-уми январ дар Севиля дар бозии финалӣ рақобат хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, дар финал метавонанд “Барселона” ва “Реал Мадрид” рақобат кунанд, агар дар даври нимниҳоӣ рақибони худро шикаст дода тавонанд.
Аввалин бор Суперҷоми Испания бо формати нав соли гузашта баргузор гардида буд. Дар финал “Реал Мадрид” дар силсилаи пеналти “Атлетико Мадрид”-ро шикаст дод.
Инчо калимаи агар хаст