Эден Азар боз ҷароҳат бардошт

Ҳамлагари “Реал” Эден Азар 2 рӯз мешавад, ки дар тамринҳои дастаи мадридӣ иштирок намекунад.

Тибқи маълумоти нашрияи СОРЕ, сабаби ҳузур надоштани  ҳамлагари белгиягӣ дар тамрин, ин ҷароҳат бардоштани ӯ мебошад. Кай баргаштани Азар ба тамринҳо маълум нест.

Эден Азар тобистони соли 2019 аз “Челси” ба “Реал” гузариш кард. Ин алакай 10-уми ҷароҳати ӯ дар ҳайати дастаи мадридӣ мебошад. Дар ин мавсим Азар ҳамагӣ дар 8 бозии дастааш иштирок карда, 2 гол задааст ва 1 партофти головар додааст.

Хабарҳои монанд:
2 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии