Дар даври 17-уми Премйер-лигаи Англия “Челси” аз “Манчестер Сити” (1:3) шикаст хӯрд. Пас аз ин бохт ояндаи сармураббии “нафақахӯрҳо” Фрэнк Лэмпард дар даста зери савол аст.
Роҳбарияти даста пас аз 4 бохт дар 7 бозии охир, вариантҳоро барои ивази Лэмпард аз назар гузаронида истодааст, хабар медиҳад The Athletic.
Тибқи маълумоти нашрия, агар натиҷаҳои даста беҳтар шаванд, пас бо эҳтимоли зиёд мутахассиси 42-сола то охири мавсим “Челси”-ро роҳбарӣ хоҳад кард. Аммо бадии кор дар он аст, ки Лэмпард бо як қатор футболбозони даста муносибати бад дорад.
Баъди бохт аз “Манчестер Сити”, “Челси” ба мавқеи 8-уми ҷадвали чемпионати Англия фаромад. Аз оғози моҳи декабр то имрӯз дастаи лондонӣ 4 бор дучори бохт шудааст. Дар ин давра танҳо “Шеффилд” ва “Вест Бромвич”, ки дар минтақаи хатарнок қарор доранд, натиҷаҳояшон аз “Челси” дида бадтар аст.