Ҳамлагари угурваӣ Сантяго “Морро” Гарсия 6-уми феврал дар хонааш ба худкушӣ даст зад. Футболбоз 30 сола буд.
Тибқи маълумоти нашрияи TyC Sports, Сантяго чанд рӯз мешавад, ки ба алоқа набаромада буд ва имрӯз дар хонааш мурда ёфт шуд. Полис муайян кард, ки футболбоз ба худкушӣ даст задааст.

Хабар дода мешавад, ки вақтҳои охир Гарсия назди психиатр мерафт ва табобат мегирифт. Ин дар ҳолест, ки футболбоз хело хуб ҳунарнамоӣ мекард ва як қатор топ-дастаҳои Америкаи Ҷанубӣ ба ӯ ҳавасмандӣ доштанд.
Сантяго дар “Насйонал”, “Атлетико Паранаэнсе”, “Қасимпаша” ва “Ривер Плейт”-и Монтевидео ҳунарнамоӣ кардааст. Дар мавсими -2010/2011 (23 гол) беҳтарин бомбардири Уругвай ва дар мавсими -2017/2018 (17 гол) беҳтарин бомбардири Аргентина дониста шуда буд.