Футболбози “Реал”, ки зидди Тоҷикистон бозӣ карда буд, ба “Хетафе” рафт

Ҳимоятгари ҷопонӣ Такефуса Кубо, ки ба “Реал” таалуқ дорад, то охири ин мавсим ба “Хетафе” ба иҷора дода шуд.

Қаблан ӯ дар “Вилярреал” ҳамчу иҷора бозӣ мекард. Сармураббии даста Унаи Эмери ба Кубо имконияти бисёр дод, то маҳорати худро нишон диҳад. Нимҳимоятгар 13 бор ба майдон баромад, аммо ҳамин хел бозии диққатҷалбкунанда нишон дода натавонист. Бинобар ин “Вилярреал” аз “Реал” хоҳиш кард, ки футболбозашро бозпас гирад.

“Кубо” тобистони соли 2019 ҳамчу агенти озод ба “Реал” омад. Нимҳимятгар мавсими гузаштаро дар “Малйорка” паси сар кард. Ӯ 35 бозӣ анҷом дода, 4 гол зад ва 4 партофти головар анҷом дод.

Хотиррасон мекунем, ки 15-ум октябри соли 2019 Такефуса Кубо дар ҳайати мунтахаби Ҷопон дар Душанбе зидди мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда буд.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии