«Манчестер Юнайтед» ба хулосае омад, ки дар атрофи хонаи ҳамлагари даста Антони Марсял якчанд муҳофиз мегузорад. Дар ин бора нашрияи Daily Mail хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти нашрия, рӯзҳои охир ба суроғаи Марсиял ва ҳамсари ӯ мухлисон таҳдидҳои гуногун равон карда истодаанд. Ҳатто таҳдиди куштор. Агар даста ба футболбоз муҳофиз таъйин накунад, пас ӯ наметавонад ҷони худро дар хатар гузошта, дар Манчестер боқӣ монад.
Дар ин мавсим Марсял дар 27 бозии “Манчестер Юнайтед” иштирок карда, 7 гол задааст ва 4 партофти головар додааст.