Симеоне гуфт, ки ҳар рӯз аз чӣ метарсад

Сармураббии “Атлетико” Диего Симеоне оиди ояндааш дар даста фикри худро баён кард.

“Сухане, ки дар дилам ҳаст, гуфтан хело мушкил мебошад. Ягон ҷойи аҷибаш нест, ки ҳамаи мо ояндаи худро ба таври худамон тасавввур мекунем. Ман ҳамеша кори худро софдилона иҷро мекунам. Медонам, ки дар дилхоҳ лаҳза даста метавонад маро хориҷ кунад, бинобар ин маҷбурам бо ин тарс зиндагӣ кунам. Ман маҷбурам, ки ба ҳамаи бозиҳо сахт таваҷҷӯҳ кунам ва ҳамин тавр як ҳафта мегузараду, ҳафтаи дигар меояд.

Ҳама метавонад хулосаи худро барорад ва ҳама нуқтаи назари гуногун дорад. Аммо ман чанд бор гуфтам, ки дар дастае чун “Атлетико” кор кардан маро хушбахт мекунад. Мо тавонистем давраи гузаришро хуб паси сар кунем ва ҳоло даста мавсимро олӣ паси сар карда истодааст, натиҷаҳоямон дар Ла Лига инро тасдиқ мекунанд”, – гуфт Диего Симеоне.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ассотсиатсияи футболи Аргентина мехоҳад дар оянда Диего Симеонеро сармураббии мунтахаб таъйин кунад.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии