Сармураббии “Барселона” Роналд Куман оиди бохт аз “ПСЖ” фикри худро баён кард

Дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Барселона” дар майдони худ бо ҳисоби 1:4 аз “ПСЖ” шикаст хӯрд. Ба голи Лионел Месси аз пеналти фаронсавиҳо бо хет-трики Килиан Мбаппе ва голи Мойзе Кин ҷавоб гуфтанд. Сармураббии “Барселона” пас аз бозӣ дар бораи он гап зад: ӯ гуфт, ки дастаи парижӣ беҳтар буд.

“Дастаи мо дар ҳолати бозсозӣ қарор дорад ва ҳар як рақобат барои мо таҷрибаи калон аст. Вохӯрии имрӯза тасдиқ кард, ки ба мо лозим аст бисёр чизҳоро тағйир диҳем, то дар ҳақиқат барои иштирок дар ЛЧ арзанда бошем. Бояд иқрор шавем, ки “ПСЖ” аз мо беҳтар буд. Фаронсавиҳо нишон доданд, ки дастаи онҳо аз дастаи мо дида, як сару гардан боло аст. Бояд ин шикастро хуб қабул карда, дар оянда ҳолатро беҳтар кунем.

Оё алакай тақдири роҳхат ба даври 1/4 ниҳоӣ ҳал шуд? Шояд, аммо мо маҷбурем дар бозии ҷавобӣ иштирок кунем. Шояд ягон мӯъҷиза рух диҳад, аммо имконияти мо барои баромадан ба даври дигар пас аз шикасти 4:1 хело кам аст”, – гуфт сармураббӣ.

Бозии ҷавобӣ 11-уми март, соати 01:00 ба вақти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии