Сабаби бе “Тӯби тиллоӣ” мондани Роналду маълум шуд

Собиқ директори генералии “Реал Мадрид” Хорхе Валдано оиди рафтани Криштиану Роналду ба “Ювентус” ва ояндаи Серхио Рамос фикри худро баён кард.

“Фикр мекунам, ки Рамос дар натиҷа бо “Реал” шартномаро дароз мекунад. Инҷо хонаи ӯст, ӯ инҷо ҳамеша худро дар хонааш ҳис мекунад, мухлисон барои ӯ ҷонашонро медиҳанд. Рамос – ин “Реал” аст.

Ман ягон сабаби аз “Реал” рафтани Рамосро намебинам. Аммо агар ин ҳодиса рух диҳад, пас он калонтарин хатогиии Рамос хоҳад буд.

Роналдуро ба хотир оред. Ӯ аз “Реал” ба “Ювентус” рафт. “Реал” бе Лигаи чемпионҳо монд, Роналду бошад бе “Тӯби тиллоӣ”. Ин барои кӣ хуб аст?”, – гуфт Валдано.

Валдано ҳамчунин қайд кард, ки “Реал” хатогиҳои пешинаи худро такрор нахоҳад кард.

Хабарҳои монанд:
3 2 голоса
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии