Маркази ҷаҳонии тадқиқотҳои варзишӣ (CIES Football Observatory) рӯйхати қимматтарин футболбозонеро, ки дар ТОП-5 чемпионатҳои аврупоӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, нашр кард.
Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Маркус Рэшфорд садрнишини ҷадвали топ-100 қимматтарин футболбозон гардид. Ӯ 165,6 миллион евро арзиш дорад.
Ба сегонаи беҳтарин ҳамчунин ҳамлагари «Боруссия»-и Дортмунд Эрлинг Ҳоланд (152 млн) ва ҳимоятгари «Ливерпул» Трент Александер-Арнолд (151,6 млн) шомил гардиданд.
Ҳамлагари «Барселона» Лионел Месси мавқеи 97-умро соҳиб шуд (54 млн) ва ин аз он вобастагӣ дорад, ки мӯҳлати шартномаи ӯ пас аз ним сол ба анҷом мерасад.
Ана ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду бошад, ҳатто ба қатори 100 қимматтарин футболбозон дохил нашуд. Ҳамлагари португалӣ мақоми 131-умро ишғол намуд (47 млн). Сабабаш синну солаи ӯ ва мӯҳлати ками шартномааш мебошад, ки тобистони соли 2022 ба анҷоми мерасад.
Топ-10 қимматтарин футболбозон дар топ-5 чемпионатҳои аврупоӣ:
1. Маркус Рэшфорд («Манчестер Юнайтед») – 165,6 миллион евро
2. Эрлинг Ҳоланд («Боруссия»-и Дортмунд) – 152 млн
3. Трент Александер-Арнолд («Ливерпул») – 151,6 млн
4. Бруну Фернандеш («Манчестер Юнайтед») – 151,1 млн
5. Килиан Мбаппе («ПСЖ») – 149,4 млн
6. Ҷейдон Санчо («Боруссия»-и Дортмунд) – 148,3 млн
7. Жоау Феликс («Атлетико») – 141,5 млн
8. Алфонсо Дэвис («Бавария») – 139,2 млн
9. Раҳим Стерлинг («Манчестер Сити») – 136,9 млн
10. Кай Хавертс («Челси») – 136 млн
…97. Лионел Месси («Барселона») — 54 млн
…131. Криштиану Роналду («Ювентус») — 47 млн