“Ювентус” омода аст ба ҳамлагари худ Криштиану Роналду, ки 5-уми феврал 36-сола шуд, шартномаи нав пешниҳод кунад, хабар медиҳад нашрияи Tuttosport.
Тибқи маълумоти нашрия, роҳбарияти дастаи туринӣ аз натиҷаҳои ҳамлагари португалӣ розӣ аст, ва чунин мешуморад, ки ӯ ба шартномаи наве, ки то соли 2023 амал мекунад, арзанда аст. Худи футболбоз ҳам хоҳиш дорад, ки ҳунарнамоияшро инҷо идома диҳад.
Қаблан Роналду дар дастаҳои «Спортинг», «Манчестер Юнайтед» ва «Реал» ҳунарнамоӣ кардаанд. Тобистони соли 2018 Криштиану бо нархи 112 миллион евро ба дастаи туринӣ гузариш кард. Тарафҳо шартномаи 4-сола ба имзо расонда буданд. Ҳамлагари 36-сола дар ин мавсими Серияи А 16 бозӣ карда, 15 гол задааст ва 3 партофти головар додааст.