“Роналду метавонад то 40-солагӣ бозӣ кунад”. Собиқ мураббии фитнеси “Реал” ва “ПСЖ” дар бораи ҳолати варзишии Роналду ва Ибрагимович

Собиқ мураббии фитнеси “Реал” Ҷованни Маури, ки ҳамчунин дар давраи роҳбарии Крло Анчелотти дар “ПСЖ” кор кардааст, оиди ҳамлагарон Криштиану Роналду ва Златан Ибрагимович фикри худро баён кард.

“Истироҳат – ин натанҳо хоб аст. Он аз машқҳои муайян, ки барои беҳтар кардани кори мушакҳо ва устухонҳо кӯмак мекунанд, иборат мебошад. Ман бо бисёре аз футболбози 40 сола кор кардаам, аз Малдини то Костакурта.

Вақте дар “ПСЖ” фаъолият мекардам, боварӣ доштам, ки Ибрагимович то 40-солагиаш бозӣ мекунад. Инро аз маҳорату ҳолати варзишии ӯ фаҳмидан мумкин буд.

Ибрагимович мисли раққоса серҳаракат аст ва ин ба он нигоҳ накарда, ки ӯ қариб 100 кг вазн дорад. Криштиану Роналду низ ба қатори чунин футболбозон дохил мешавад ва метавонад то 40 солагиаш бозӣ кунад”, – гуфт Маури.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии