Ромарио ва Пеле – беҳтарин бомбардирон дар сатҳи даставӣ. Роналду ва Месси дар кадом мавқеъҳо қарор доранд?

Федератсияи байналмиллалии таърих ва омори футбол рӯйхати беҳтарин бомбардиронро дар таърихи футбол дар сатҳи даставӣ (бе дарназардошти голҳо дар мунтахаб) тартиб дод. Ба он футболбозоне дохил шудаанд, ки дар ҳисоби худ дар сатҳи даставӣ бештар аз 500 гол доранд.

Дар ҷойи якуми ин рейтинг ҳамлагари бразилӣ Ромарио (689 гол) қарор дорад. Баъди ӯ бо 684 гол Пеле ҷой гирифтааст. Сегонаи беҳтаринро Роналду ба анҷом мерасонад – дар ҳисоби ӯ 661 гол дар сатҳи даставӣ.  Рақиби асосии ӯ – Лионел Месси бо 561 гол дар ҷойи 5-ум қарор дорад.

Беҳтарин бомбардирон дар сатҳи даставӣ бо фарзияи IFFHS:

1. Ромарио (Бразилия) — 689 гол

2. Пеле (Бразилия) — 684

3. Криштиану Роналду (Португалия) — 661

4. Йозеф Битсан (Австрия) — 656

5. Лионел Месси (Аргентина) — 651

6. Ференс Пушкаш (Венгрия) — 645

7. Ҷимми Ҷонс (Ирландияи Шимолӣ) — 635

8. Ҷо Бэмбрик (Ирландияи Шимолӣ) — 593

9. Эйсебио (Португалия) — 581

10. Герд Мюллер (Олмон) — 566

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
1 Комментария
Старые
Новые Популярные
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Шоҳ
Шоҳ
2 лет назад

Админ хато нависти месси 651 гол задагияй т 561 навистай