Рекорди таърихии Роналду зада шуд. Кӣ ва чӣ тавр ин корро кард?

Дар бозии даври 26-уми чемпионати Шотландия ҳимоятгари “Мазервелл” ва мунтахаби Уганда Бевис Мугамби бо задани гол ба дарвозаи “Росс Каунти” ба дастааш ғалаба овард ва рекорди Криштиану Роналдуро зад.

Мугамби дар дақиқаи 72-юм ҳангоми задани гол аз замин 75 сантиметр боло ҷаҳид ва аз баландии 262 сантиметр бо сараш гол зад. Ин дар ҳолест, ки Роналду ҳангоми задани гол ба дарвозаи “Сампдория” дар соли 2019 аз замин 71 сантиметр боло ҷаҳида, аз баландии 256 см тӯбро ба дарвоза равон карда буд.

Мугамби дар Англия таваллуд шуда, дар академияҳои “Фулхэм” ва “Саутгемптон” ба воя расидааст. Ана дар футболи профессионалӣ бошад, дар дастаҳои “Йовил” ва “Мазервелл” ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳамчунин ӯ дар ҳайати мунтахаби Уганда 10 бозӣ анҷом додааст.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
1 Комментария
Старые
Новые Популярные
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Dadaboev Shohrukh
Dadaboev Shohrukh
2 лет назад

75 метр ёки 75 сантиметр? Хато кадагии админ