Ҳамлагари “Реал” Винисиус метавонад дар равзанаи трансферии тобистона дастаашро иваз кунад.
Тибқи маълумоти нашрияи AS, даста хело ҷиддӣ вариантҳои ба иҷора додан ва фурӯхтани ҳамлагари бразилиро аз назар гузаронида истодааст. Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта “Реал” чунин нақшаро надошт.
Агар дастаи шоҳона Винисиусро фурӯшад, пас қисмати зиёди зарари пандемияи коронавирусро ба даста рӯйпӯш хоҳад кард.
Дар ин мавсим ҳамлагар дар Ла Лига 17 бозӣ карда, 2 гол задааст ва 1 партофти головар додааст.