“Реал” кӯшиш мекунад, ки Варанро фурӯшад, агар бо ӯ то тобистон шартномаро дароз накунад

Ҳимоятгари “Реал” Рафаэл Варан метавонад дар анҷоми мавсим дастаро тарк кунад.

Ояндаи ҳимоятгари 27-сола аз он вобастагӣ хоҳад дошт, ки ӯ ин мавсим шартномаро бо дастаи мадридӣ дароз мекунад ё не.

Муҳлати шартномаи феълии футболбоз моҳи июни соли 2022 ба анҷом мерасад. Тибқи маълумоти нашрияи Marca, агар дар ояндаи наздик Варан нисбати дароз кардани шартнома бо даста беаҳамиятӣ кунад, пас “Реал” кӯшиш мекунад, ки ин тобистон ӯро фурӯшад.

Аммо бояд қайд кунем, ки “Реал” ният дорад бо футболбоз шартномаро дароз кунад. Интихоб дар дастаи футболбоз аст. Арзиши трансферии Варан ба 70 миллион евро баробар аст.

Хотиррасон мекунем, ки “Реал” то ҳол бо ҳимоятгари дигари худ Серхио Рамос, ки тобистон агенти озод мешавад, наметавонад шартномаро дароз кунад.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии