Дар бозии мавқуфмондаи даври 1-уми Ла Лига зидди “Хетафе”, якбора 9 футболбози ҳайати якум ба “Реал” кӯмак карда наметавонанд. Дар ҳайати васеи дастаи ҳамагӣ 14 футболбоз аз ҳайати асосӣ мебошанд, Зидан боз 5 нафари дигарро аз дастаи дуюм даъват кардааст.
Тибқи маълумоти нашрияи Мarca, аз сабаби муҷозот, ҷароҳат ва дигар бемориҳо дар рақобат бо “Хетафе” Зидан наметавонад ба кӯмаки Серхио Рамос, Даниэл Карвахал, Лукас Васкес, Эден Азар, Тони Кроос, Эдер Милитао, Алваро Одриосола, Федерико Валверде и Родриго умед бандад.
Дар ҳайати васеи даста барои ҳар як рақобат ҳадди ақал бояд 19 футболбоз номнавис шуда бошанд, бинобар ин сармураббии дастаи шоҳона маҷбур шуд, ки аз дастаи ҷавонон 5 футболбозро даъват кунад.
Хотиррасон мекунем, ки рақобати “Реал” ва “Хетафе” 9-уми феврал баргузор мегардад.