“Реал” аз пушти шартномаи Месси “Барселона”-ро дар вайрон кардани қоидаҳои Ла Лига ва УЕФА айбдор мекунад

Дирӯз нашрияи El Mundo нусхаи шартномаи Мессиро бо “Барселона” нашр кард ва он аз назари “Реал” дур намонд.

Тибқи маълумоти нашрияи Marca, “Реал” шубҳа дорад, ки каталониҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартнома қоидаҳои фэйр-плейи молиявиро вайрон кардаанд ва бояд барои ин корашон ҷазо гиранд.

Хабар дода мешавад, ки дар маҷлисҳои Ла Лига ва УЕФА бахшида ба ҷиҳати иқтисодии дастаҳо алакай мушкилии “Барселона”-ро баррасӣ кардаанд ва ҳама ҳайрон аст, ки чӣ тавр каталониҳо зери роҳбарии Жозеп Бартомеу ҳамаи қоидаҳои фэйр-плейи молиявиро риоя карда, боз дучори чунин бӯҳрони сахти иқтисодӣ гардиданд.

Акнун бошад “Реал” шартномаи Мессиро ҳамчу далел барои гунаҳкор кардани “Барселона” дар вайрон кардани қоидаҳо истифода хоҳад кард ва албатта ба роҳбарияти Ла Лига ва УЕФА шикоят мекунад.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии