Ҳимоятгари “Реал” Серхио Рамос имрӯз аз зонуи ҷароҳатдоштааш ҷарроҳӣ карда шуд.
Тибқи маълумоти нашрияи АВС, футболбоз дер боз дар зонуяш дард ҳис мекард, бинобар ин табибон ба хулосае омаданд, ки ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Муҳлати барқароршавии футболбоз аз 6 то 8 ҳафта давом мекунад.
Ҳамин тавр, Рамос метавонад қариб дар 8 бозии “Реал” иштирок накунад, аз ҷумла дар рақобати даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо зидди “Аталанта”. Ҳамчунин футболбоз зидди “Атлетико”, “Реал Сосйедад”, “Хетафе”, “Валенсия”, “Валядолид” ва “Селта” ба майдон намебарояд.
Хотиррасон мекунем, ки шартномаи ҳимоятгари 34-сола бо дастаи шоҳона ин тобистон ба анҷом мерасад, аммо тарафҳо то ҳол барои дароз кардани он ба розигӣ расида наметавонанд.