Ҳамлагари “ПСЖ” Неймар дар бозии даври 1/32 ниҳоии Ҷоми Фаронса зидди “Кан” (1:0) ҷароҳат бардошт.
Мушаки пойи футболбоз ҷароҳат бардоштааст ва ӯ аниқ дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо зидди “Барселона” бозӣ намекунад.
Барқароршавии Неймар тақрибан 4 ҳафта давом мекунад. Бо эҳтимоли зиёд футболбоз инчунин дар бозии ҷавобӣ, ки 10-уми март баргузор мегардад, иштирок карда наметавонад.
Дастаи парижӣ 17-уми феврал бо “Барселона” рақобат мекунад. Оғози бозӣ – 01:00 ба вақти Душанбе.