Рамос аз “Реал” меравад? Бародари ӯ “дастаи шоҳона”-ро барои бепарвогӣ дар ин масъала танқид кард

Рене Рамос, бародар ва агенти капитани «Реал» Серхио Рамос, дар твиттери худ муроҷиати як мухлисро дар бораи он, ки дастаи мадридӣ бо ҳимоятгар шартномаро дароз накарда истодааст, репост кард.

«Касе бояд ҷавоб диҳад, ки чаро “Реал” ба капитани худ ва яке аз нобиғаҳояш имкон дод, ба қатори футболбозоне дохил гардад, ки алакай аз 1-уми январ метавонанд бо дигар дастаҳо гуфтушунидро оғоз кунанд!!!» – навишта шудааст дар ин пост.

Хабар дода шуда буд, ки “Реал” ва Рамос наметавонанд шартномаашонро дароз кунанд.

Мӯҳлати шартномаи феълии ҳимоятгар бо “Реал” то тобистони соли 2021 амал мекунад.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии