“ПСЖ” нисбати дарвозабони “Милан” Ҷанлуиҷи Доннарумма ҳавасмандӣ дорад, хабар медиҳад La Gazzetta dello Sport.
Директори варзишии дастаи парижӣ Леонардо дарвозабони италиявиро хело хуб мешиносад ва дер боз ӯро ба “ПСЖ” даъват карда истодааст.
Қаблан маълум шуд, ки “Милан” шартҳои дарвозабонро нисбати маош қабул накарда истодааст ва мехоҳад ба ӯ 7,5 миллион евро музди меҳнат диҳад. Ин дар ҳолест, ки худи Ҷанлуиҷи 10 миллион евро талаб карда истодааст.
Шартномаи ҳозираи дарвозабони 21-сола то анҷоми ин мавсим амал мекунад.
Ин мавсим Доннарумма дар чемпионати Италия 20 бозӣ кардааст, ки аз он дар 7-тояш гол сар надодааст.