Аз сабаби хурӯҷи коронавирус дар дастаи ҷавонон “ПСЖ” тамрингоҳи худро маҳкам кард. Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи парижӣ хабра дода мешавад.
Дар дастаҳои ҷавонони U17 ва U19 дар умум 9 ҳолати сироятёбӣ ба СОVID-19 ба қайд гирифта шуд. Бинобар ин, роҳбарияти даста ба хулосае омад, ки то 11-уми феврал тамрингоҳи худро маҳкам кунад.
Ҳафтаи оянда кормандон ва футболбозони “ПСЖ” бори дигар аз санҷиши коронавирус мегузаранд ва баъд аз ин доир ба кушодани тамрингоҳ қарор бароварда мешавад.
Дастаи парижӣ дар ин мавсим дар 23 бозӣ 48 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Лигаи 1 дар ҷойи сеюм қарор дорад. Роҳбарияти “ПСЖ” аз ин натиҷа розӣ нест.