Федератсияи футболи шоҳигарии Испания (RFEF) суханҳои ҳимоятгари “Барселона” Жерар Пикеро нисбати доварон аз назар гузаронида истодааст, хабар медиҳад Diario Sport.
Футболбоз чунин гуфта буд: “Чанде пеш як доваре, ки қаблан дар Ла Лига кор мекард, гуфта буд, ки 85%-и доварон “Реал”-ро мухлисӣ мекунанд. Пас албатта онҳо дар бозиҳо “Реал”-ро тарафдорӣ мекунанд ва фақат қарорҳояшон ба фоидаи дастаи шоҳона хоҳад буд”.
RFEF суханони Пикеро аз назар гузаронида истодааст ва бар он ақида аст, ки ин суханон обрӯи доваронро дар Испания паст мекунад ва фаъолияти онҳоро зери шубҳа қарор медиҳад.
Агар тасдиқ карда шавад, ки Пике қоидаҳои Ла Лигаро оид ба суханҳо нисбати доварон вайрон карда бошад, пас футболбозро метавонанд аз 4 то 12 бозӣ аз иштирок маҳрум созанд ва ё аз 601 то 3005 евро ҷарима кунанд.