Роналд Куман дар бораи Усман Дембеле фикру ақидаи худро баён кард.
“Ӯ дер боз дар “Барселона” бозӣ мекунад ва соҳиби таҷрибаи хуб шудааст. Ба ҳунарнамоии ӯ ҳамеша ҷароҳатҳо халал мерасонданд, онҳо ба Усман имкон намедоданд, ки маҳорати худро ба пуррагӣ нишон диҳад. Умедворам, аз ин пас Дембеле бо саломатиаш ягон мушкилӣ нахоҳад дошт. Айни ҳол ӯ хело хуб меҳнат карда истодааст ва ман ягон шикоят надорад.
Дар умум Усман ба ман маъқул аст, ӯ дар худ беҳтарин сифатҳои Гриманн, Тринкао ва Мессиро дорад.
Дембеле метавонад бо ҳарду пояш бозӣ кунад, дар ҳолати як ба як бо дарвозабон ӯ хело хуб бозӣ мекунад. Умедворам, ки ӯ чунин бозиашро идома хоҳад дод”, – гуфт Роналд Куман.
Қаблан хабар дода шуд, ки “Барселона” дигар намехоҳад аз Усман Дембеле ҷудо шавад.