Ояндаи капитани “Реал” Серхио Рамос ҳоло ҳам номуайян аст.
Ҳимоятгар то ҳол шартномаашро бо “дастаи шоҳона” дароз накардааст.
Ӯро бо “Манчестер Юнайтед” алоқаманд мекарданд, аммо маълум карда шуд, ки дастаи англисӣ то ҳол бо намояндаҳои Рамос ба алоқа набаромадааст.
“ПСЖ” низ ба Рамос ҳавасмандӣ дорад, аммо танҳо дар ҳолати агенти озод шудани футболбоз ба ӯ шартнома пешниҳод хоҳад кард, хабар медиҳад журналист Фабритсио Романо.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Реал” алакай рафтани Рамосро аз даста қабул кард.