Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Неймар дар твиттер пеналтие, ки довар дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо байни дастаи парижӣ ва “Барселона” таъйин кард, “масхарабозӣ” номид. Ҳамлагар аз сабаби ҷароҳат дар бозӣ иштирок карда натавонист.
“Ин пеналти – масхарабозӣ аст”, – навишт Неймар дар саҳифаи худ. Пас аз чанд дақиқа футболбоз ин постро тоза кард, аммо обуначиёнаш алакай онро скриншот карданд.
When Messi score it you delete the tweet 😉 pic.twitter.com/iAsufvaV4Z
— Fianso (@LeoBarca1899) February 16, 2021