Ҳамлагари “ПСЖ” Неймар бинобар сабаби бемор шудан дар тамринҳои охирони дастааш иштирок накард. Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи парижӣ хабар дода мешавад.
Ҳамлагари 29-сола аз сабаби дард кардани меъдааш ба тамрин наомад. Имрӯз футболбоз аз ташхиси тиббӣ мегузарад.
Хотиррасон мекунем, ки 5-уми феврал Неймар зодрӯз дошт ва 29 сола шуд.
Дар ин мавсим Неймар дар 16 бозӣ иштирок карда, 13 гол задааст ва 5 партофти головар додааст.
Хотиррасон мекунем, ки 7-уми феврал “ПСЖ” дар чемпионати Фаронса зидди “Марсел” бозӣ мекунад.