Мухлисон дар «твиттер» лаҳзаҳои хандаоварро бо иштироки ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо зидди “Порту” (1:2) нашр карданд.
Дар яке аз ҳолатҳо ҳамдастаи Роналду Алекс Сандро аз пойи ӯ тӯбро гирифт. Дар лаҳзаи дигар бошад, ҳамлагари португалӣ хост бо финт ҳимоятгари рақибро фиреб диҳад, аммо ӯ хело осон тӯбро аз назди пойи Роналду рабуд. Дар анҷоми бозӣ бошад, Роналду дар ҷаримагоҳи “Порту” аз пой афтод, аммо довар ба қароре омад, ки онҷо пеналти нест.
Криштиану дар рақобат зидди “Порту” 90 дақиқа бозӣ карда, ба дарвозаи рақиб ҳамагӣ 1 зарба равон кард.
Ronaldo vs Porto (A) pic.twitter.com/5GzeEIfaTk
— Cristiano Ronaldo (@goatnaldocr7_) February 17, 2021