Мухлисони “Барселона” президенти дастаи «Пари Сен-Жермен» Нассер Ал-Хелаифиро пеш аз бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бо дашному ҳақоратҳо пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи мухлисон аз он норозӣ буданд, ки дастаи парижӣ мехоҳад ситораи асосии каталониҳо Лионел Мессиро харидорӣ кунад.
“Мессиро ба ҳоли шудаш гузор, дузд” – дод зад яке аз мухлисон. “Бар падарат лаънат!” – дод зад мухлиси дигар. Ана нафари дигар бошад, шайхи миллиардерро дашном надоду, аз ӯ пул талаб кард. “Ба ман миллион евро деҳ” – дод зада гуфт ӯ.