Моуриню аз Бейл хаста шуд. Ӯ ба “Реал” бармегардад?

Ҳамлагари “Реал” Гарет Бэйл, ки ба ҳайси иҷора дар “Тоттенхэм” бозӣ карда истодааст, то ҳол наметавонад дар Англия ҳунарнамоии зебо нишон диҳад.

Тибқи маълумоти нашрияи AS, сармураббии дастаи лондонӣ Жозе Моуриню аз Гарет розӣ нест.

Ба норозигии сармураббӣ кам ба майдон баромадани футболбоз ишора мекунад.

Мисол, дар рақобат бо “Челси” (0:1) Бэйл ягона ҳамлагаре буд, ки ба майдон набаромад. Ба ғайр аз ин, чанд дақиқа пеш аз анҷоми рақобат Гарет дар кунҷи майдон тамрин карданро қатъ кард ва дар курсии эҳтиётӣ нишаст.

Бо эҳтимоли зиёд “Тоттенхэм” Бейлро пурра харидорӣ намекунад ва муҳлати иҷораашро низ дароз карданӣ нест. Футболбоз тобистони соли 2021 ба Мадрид бармегардад. Хотиррасоне мекунем, ки шартномаи ӯ бо дастаи шоҳона тобистони соли 2022 ба анҷом мерасад.

Ҳамлагари 31-сола дар ин мавсим дар Премйер-лига 6 бозӣ карда, 1 гол задааст.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии