“Месси, мо имкон надорем, ки маоши туро пардохт кунем”. Номзади президентии “Барселона” оиди ояндаи Месси дар даста нақл кард

Яке аз номзадони президентии “Барселона” Эмили Руссо дар бораи ояндаи Лионел Месси дар даста фикри худро баён кард.

“Оиди Месси ҳаминро гуфтаниям, ки мо аз дигар номзадон дида бартарӣ дорем: агар ман ғолиб шавам, дар даста Мингелла кор хоҳад кард, ки маҳз ӯ дар вақташ Мессиро ба “Барселона” оварда буд”.

Ба чашмони Месси нигоҳ карда мегӯям: “Маоши ҳозираи ту хело калон аст, дасти имконияти онро пардохт карданро надорад. Акнун ба ман иҷозат деҳ, ки лоиҳаи варзишиамро нақл кунам. Мо мехоҳем, ки дар атрофи ту футболбозони ҷавон бозӣ кунанд”. Лео мехост тобистон “Барса”-ро тарк кунад? Сабаби он муноқиша бо Бартомеу ва ё масъалаи маблағ набуд, балки Месси аз он норозӣ буд, ки даста лоиҳаи хуби варзишӣ надорад”, – нақл кард Руссо ба нашрияи Sport.es.

Интихоботи “Барселона” 24-уми январи соли 2021 баргузор мешавад. Дар овоздиҳӣ танҳо мухлисони “Барселона”, ки аъзои даста шудаанд, овоз дода метавонанд.

Хабарҳои монанд:
1 2 голоса
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии