Месси ва Почеттино бо ҳам чӣ гуфтанд?

Дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “ПСЖ” дастаи каталониро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Сармураббии дастаи парижӣ Маурисио Почеттино пас аз бозӣ оиди ояндаи ҳамлагар Килиан Мбаппе нақл кард ва гуфт, ки оё ӯ бо ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси оиди гузаришаш ба “ПСЖ” гап задааст ё не.

“Барои он, ки Мбаппе худро хушбахт ҳис кунад, “ПСЖ” ба ҳама кор омода аст. Фикр мекунам то анҷоми мавсим ҳамааш аниқ мешавад. Оиди гуфтугӯ бо Месси бошад, мо танҳо салом ва хайрухуш кардем. МО оиди гузариши ӯ ба “ПСЖ” ягон калима гап назадем”, – гуфт мутахассиси 48-сола.

Хотиррасон мекунем, ки бозии ҷавобӣ санаи 11-уми март дар майдони “ПСЖ” баргузор мегардад.

Хабарҳои монанд:
5 1 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии