Месси – беҳтарин футболбози даҳсолаи охир дар Америкаи Ҷанубӣ

Федератсияи байналмиллалии омор ва таърихи футбол (IFFHS) 3 футболбози беҳтарини Америкаи Ҷанубиро дар даҳсолаи охир номбар кард.

Ба ин рейтинг беҳтарин футболбозони даври 2011 то 2020, ки дар мунтахабҳои кишварҳои Америкаи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд, дохил гардиданд.

Беҳтарин футболбози даҳсолаи охир ҳамлагари “Барселона” ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси дониста шуд.

Дар ҷойи дуюм ҳамлагари “ПСЖ” ва мунтахаби Бразилия Неймар қарор гирифт. Ҷойи сеюм бошад, ба собиқ ҳимоятгари “Барселона” ва мунтахаби Бразилия, ки айни ҳол дар “Сан-Паулу” бозӣ мекунад, насиб гардид.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии