Ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси барандаи ҷоизаи Values Award-и маҷаллаи SPORT гардид.
Ин ҷоиза ба хотири иштироки ҳамлагари аргентинӣ дар сохтмони маркази онкологие, ки калонтарин дар ҷаҳон мешавад, ба ӯ супорида шуд. Тибқи маълумоти нашрия, Месси барои ин сохтмон 2,6 миллион евро хайр кард.
Дар ин кор ҳамчунин Рафаэл Надал, Хави, бародарон Марк ва Пау Газоли ва инчунин Каролина Марин саҳми бузург доранд.
Собиқ ҳамдастаи Месси Хави барои рушди “бозии софдилона” дар давоми карйераи варзишиаш соҳиби ҷоизаи махсус гардид.