Дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Барселона” дар майдони худ бо ҳисоби 1:4 аз “ПСЖ” шикаст хӯрд. Ба голи Лионел Месси аз пеналти фаронсавиҳо бо хет-трики Килиан Мбаппе ва голи Мойзе Кин ҷавоб гуфтанд.
Дар ин рақобат размовари муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов қарор дошт ва аз майдон бозиро тамошо кард. Ӯ мухлиси “Реал” аст, бинобар ин дар ин вохӯрӣ тарафдори “ПСЖ” буд. Пас аз бозӣ ӯ дар сторизи инстаграми худ расми футболкаеро гузошт, ки онро Мбаппе тӯҳфа кардааст. Дар он имчунин Килиан имзои худро гузоштааст.

“Бо хет-трикат табрик мегӯям, аз он 2 маротиба кайфият бурдам, зеро ба дарвозаи “Барселона” аст”, — навишт Ҳабиб.
Инчунин пас аз рақобат чемпиони UFC бо дарвзабони дастаи парижӣ Кейлон Навас аксбардорӣ кард.

Бозии ҷавобӣ 11-уми март, соати 01:00 ба вақти Тоҷикистон баргузор мегардад.