Дар доираи рақобати якуми даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Реал” дар меҳмонӣ бо “Аталанта” рақобат кард.
Дар дақиқаи 23-юми нимҳимоятгари мадридиҳо Каземиро зидди ҳамлагари “Аталанта” Дуван Сапата қоидаи бозиро вайрон кард ва корти зард гирифт.
Ҳамин тавр, Каземиро аз сабаби 3 корти зард гирифтанаш дар рақобатҳои Лигаи чемпионҳо дар бозии ҷавобӣ зидди “бергамаскҳо” иштирок карда наметавонад. Ҳамчунин аз сабаби ҷароҳат Родриго, Рамос, Карвахал ва Валверде дар бозӣ ширкат намекунанд. Бозӣ кардани Азар, Милитао ва Одриосола зери суол аст.