“Манчестер Сити” 11 маротиба дар меҳмонӣ ғалаба карда, рекордро зад

“Манчестер Сити” дар даври 25-уми Премйер-лигаи Англия дар меҳмонӣ “Арсенал”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

“Шаҳриҳо” дар меҳмонӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 11 бозӣ пайиҳам ғалаба кардан истодаанд. Онҳо рекорди худро байни дастаҳои Премйер-лигаи Англия, ки соли 2017 монда буданд, заданд.

Бори охир “Манчестер Сити” дар меҳмонӣ 12-уми декабр ғалаба карда натавониста буд. Шогирдони Гвардиола бо “Манчестер Юнайтед” 0:0 мусовӣ карда буданд.

Бозии навбатии “шаҳриҳо” дар меҳмонӣ 24-уми феврал дар дораи даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо зидди “Боруссия Мёнхенгладбах” мебошад.

Хабарҳои монанд:
0 0 голос
Ваша оценка
guest
Имя
0 Комментарии
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии